Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
25.6K subscribers
13.8K photos
345 videos
2.42K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
“Мо ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он манфиатдорем” - иброз доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимнан, алоқамандии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо Кипр дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб иброз гардид.


5 июня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон, принял министра иностранных дел Республики Кипр, председательствующей страны в Совете Европейского Союза Константиноса Комбоса.
На встрече обсуждались нынешнее состояние и перспективы развития сотрудничества между Таджикистаном, Республикой Кипр и Европейским Союзом.
«Мы заинтересованы в долгосрочном взаимовыгодном сотрудничестве с Европейским Союзом и его государствами-членами», — сказал глава государства, уважаемый Эмомали Рахмон, в начале беседы. В этом контексте была подчеркнута заинтересованность Таджикистана в расширении двусторонних отношений с Кипром в различных областях, представляющих взаимный интерес.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Кипр #Cyprus #ВКХ #МИД #MFA

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат, ки бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва як қатор масъулини давлатӣ ҷараён гирифт, масоили суръатбахшӣ ба созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 баррасӣ шуд.

12 июня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон провёл рабочее совещание по подготовке к празднованию исторической даты 35-летия Государственной независимости Республики Таджикистан, а также по другим актуальным вопросам.
В совещании, которое прошло с участием Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе уважаемого Рустами Эмомали и ряда ответственных государственных должностных лиц, были рассмотрены вопросы, связанные с активизацией созидания и благоустройства, подготовкой к празднованию 35-летия Государственной независимости, а также к предстоящему осенне-зимнему периоду 2026 и 2027 годов.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МашваратиКорӣ #РабочееСовещание #WorkingMeeting

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам:
1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад.
2. Маблағгузории Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 июни соли 2026
№1184
15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои Файсал Холдинг баррасӣ шуданд.
15 июня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон, принял во Дворце Нации председателя Совета Ассоциации предпринимателей Катара и председателя Совета директоров группы компаний Файсал Холдинг шейха Файсала ибн Касима аль Тани.
На встрече были рассмотрены вопросы расширения торгово-экономических и инвестиционных связей с Ассоциацией предпринимателей Катара и группой компаний Файсал Холдинг.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳо дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи миллии илмҳо, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон анҷом дода шуд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Таъиноти нави кадрӣ

1. Қурбонзода Сафаралӣ – муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
2. Раҳимзода Абдусалом – муовини якуми раиси Кумитаи андоз
3. Солеҳзода Аюбҷон – муовини раиси Кумитаи андоз
4. Ҷурабеги Ҷума – муовини раиси Кумитаи андоз
5. Холназарзода Фаридун – муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ
6. Давлатзода Давлат – сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
7. Шукурзода Мусаввара – директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
8. Тиллоӣ Гулрухсор – муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист
9. Азимӣ Азамат – муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ
10. Азиззода Икромиддин – муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ
11. Давлатзода Давлат – Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
12. Ҷуразода Хайриниссо – Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
13. Ҷалилзода Ромиш – Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
14. Мирзозода Абдусалом – ректори МД «Донишкадаи технологияҳои ракамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
15. Маҳмадалӣ Бахтиёр – Ректори МД «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
16. Саидзода Масрур – Ректори МД «Академияи Сайёҳӣ»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
17. Ҷабборзода Фатҳулло – Ректори МД «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
18. Мирсаидзода Фаридун – Директори Институти таҳсилоти фосилавӣ, ғоибона ва муттасили МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
19. Қаландарзода Абдуқаюм – Намояндаи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube