Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
25.6K subscribers
13.8K photos
345 videos
2.42K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози иҷлосия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Аз ҷониби вакилон регламент тасдиқ, тартиби баргузории иҷлосия ва инъикоси ҷараёни кори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма муайян шуда, Комиссияи муваққатии баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози ҳамаи вакилон вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Идизода Файзалӣ интихоб карда шуд.



#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Парламент #МаҷлисиНамояндагон #МаджлисиНамояндагон #MajlisiNamoyandagon

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
20 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро самимона табрик гуфта, ба онҳо таманниёту орзуҳои нек баён намуданд.

20 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмона в своем поздравительном послании поздравил славный народ Таджикистана, соотечественников, проживающих за рубежом, народы ареала цивилизации Навруза с Международным праздником Навруз и выразил им самые добрые пожелания.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Наврӯз #Навруз #Navruz

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум
сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷазои 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, тибқи рӯйхати замимагардида бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
20 марти соли 2025
№1009


УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О помиловании
лиц, осужденных к лишению свободы

В честь Международного праздника Навруз и на основании принципа гуманизма, в соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:
Помиловать 897 лиц, осужденных к лишению свободы, согласно приложенному списку и освободить их от дальнейшего отбывания наказаний.

Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе
20 марта 2025 года
№1009

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармон #Указ #Decree

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
21 март дар иртибот бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи роҳбарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Арабистони Саудӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паём ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

21 марта в связи с наступлением Международного праздника Навруз от имени глав государств и глав правительств России, Китая, Соединённых Штатов Америки, Узбекистана, Кыргызстана, Казахстана, Туркменистана, Азербайджана, Ирана, Саудовской Аравии и международных организаций на имя Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона поступают поздравительные послания и телеграммы.

On March 21, on the occasion of the International Day of Navruz, the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, has accepted congratulatory messages and telegrams from the Heads of State and Government of Russia, China, the United States of America, Uzbekistan, Kyrgyzstan, Kazakhstan, Turkmenistan, Azerbaijan, Iran, Saudi Arabia and international organizations.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Наврӯз #Навруз #Navruz

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
22 март дар идомаи воридшавии барқияҳои наврӯзӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияҳои шодбошӣ ворид гардид.

22 марта в продолжение поступления поздравлений в связи с праздником Навруз в адрес Президента Респулики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона поступили поздравительные послания от имени Президента Республики Беларусь Александра Лукашенко и Президента Турецкой Республики Реджепа Тайипа Эрдогана.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Наврӯз #Навруз #Navruz

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
25 март дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хонро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон узви фаъоли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои аъзои он мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи мо қарор дорад”.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёту комуникатсия, энергетика, саноат ва кишоварзӣ дар чорчӯби Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

25 марта во Дворце нации Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Генерального секретаря Организации экономического сотрудничества Асада Маджида Хана.

Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон заявил: «Таджикистан является активным членом Организации экономического сотрудничества, и расширение многостороннего взаимовыгодного сотрудничества с её государствами-членами находится в поле нашего постоянного внимания».
В ходе беседы были рассмотрены вопросы расширения в рамках Организации сотрудничества в торгово-экономической, инвестиционной, транспортно-коммунальной, энергетической, промышленной и сельскохозяйственной сферах.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #СҲИ #ОЭС #ECO

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
27 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои ҳатмӣ, саривақтӣ ва босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

27 марта под председательством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Председателя Правительства страны уважаемого Эмомали Рахмона состоялось заседание Правительства Республики Таджикистан.

Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон дал конкретные указания и поручения министерствам, ведомствам, организациям и местным органам государственной власти по обязательному, своевременному и качественному выполнению поручений Правительства Республики Таджикистан.