Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
25.6K subscribers
13.8K photos
345 videos
2.42K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони соҳа мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологиро вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маънидод карда, изҳор доштанд, ки ин вазифаҳои басо муҳим амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯйӣ намояд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe @tajnature

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


21 сентября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон отбыл в город Ню-Йорк для участия в 80-й сессии Генеральной Ассамблеи Организации Объединенных Нации.

В ходе этого визита Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона сопровождают заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан, Министр иностранных дел, помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам зарубежных связей, министр здравоохранения и социальной защиты населения и другие официальные лица.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ИМА #США #USA #НюЙорк #НьюЙорк #NewYork #СММ #ООН #UN

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Ветнамро, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайванд менамоянд.
Таъкид гардид, ки ду кишвар барои таъмини оромию субот ба хотири рушду пешрафт манфиатҳои умумӣ ва талошҳои муштарак доранд ва ба арзишҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ арҷ мегузоранд.


22 сентября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в городе Нью-Йорке в рамках дебатов 80-й сессии Генеральной Ассамблеи Организации Объединённых Наций провёл встречу с Президентом Социалистической Республики Вьетнам Лыонг Кыонгом.

Глава нашего государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что Таджикистан и Вьетнам, несмотря на географическое расстояние, связывают давние традиции дружбы и сотрудничества.
Было отмечено, что обе страны имеют общие интересы и совместные усилия для обеспечения мира и стабильности, развития и прогресса, высоко ценят принципы мира, дружбы и сотрудничества.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ИМА #США #USA #НюЙорк #НьюЙорк #NewYork #СММ #ООН #UN #Ветнам #Вьетнам #Vietnam

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Португалия муҳтарам Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши дӯстию ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.
“Мо раванди рушди робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Португалияро дар доираи Иттиҳоди Аврупо мусбат арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи онҳо дар қолаби дуҷониба низ ҳастем”, - изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.


22 сентября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон, в Нью-Йорке в рамках дебатов 80-й сессии Генеральной Ассамблеи Организации Объединённых Наций встретился с Президентом Португальской Республики, уважаемым Марселу Ребелу де Соуза.

На встрече обсуждались вопросы укрепления и расширения дружбы и сотрудничества между двумя странами в рамках двусторонних и многосторонних отношений.
«Мы положительно оцениваем процесс развития сотрудничества между Таджикистаном и Португалией в рамках Европейского союза и стремимся к его расширению и в двустороннем формате», - заявил в начале беседы Глава нашего государства, уважаемый Эмомали Рахмон.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ИМА #США #USA #НюЙорк #НьюЙорк #NewYork #СММ #ООН #UN #Португалия #Portugal

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, авҷ гирифтани мухолифатҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, даргириҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва ноамнии озуқаворӣ идомаи босамари ҳамкории муассирро тақозо менамояд.


22 сентября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в городе Нью-Йорке в рамках дебатов 80-й сессии Генеральной Ассамблеи Организации Объединённых Наций провёл встречу с Генеральным секретарём ООН Антониу Гутерришем.

На встрече был рассмотрен ход многопланового и продуктивного сотрудничества между Таджикистаном и Организацией Объединённых Наций.
Отмечалось, что обострение геополитических противоречий, угрозы безопасности, вооружённые конфликты, терроризм и экстремизм, экономические и финансовые кризисы, а также продовольственная нестабильность требуют продолжения эффективного и действенного сотрудничества.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ИМА #США #USA #НюЙорк #НьюЙорк #NewYork #СММ #ООН #UN #UNGS

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube