Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
25.6K subscribers
13.8K photos
345 videos
2.42K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Форуми Душанбе сармоягузориҳои “сабз”-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Гуфта шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, Форум зери унвони “Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо” баргузор карда мешавад.

14 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в «Кохи Вахдат» столицы принял участие и выступил на Международном инвестиционном форуме «Душанбе Инвест – 2025».

Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что Душанбинский форум посвящен «зеленым» инвестициям, которые обеспечивают устойчивое экономическое развитие с учетом социальной справедливости и рационального использования природных ресурсов. Было сказано, что именно поэтому форум проходит под названием «Зеленые» инвестиции: возможности сегодняшнего дня для устойчивого будущего».

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #ДушанбеИнвест #DushanbeInvestForum2025

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо хонум Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баррасӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо Комиссия ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад.

14 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в рамках Международного инвестиционного форума «Душанбе-Инвест-2025» принял Исполнительного секретаря Европейской экономической комиссии Организации Объединённых Наций Татьяну Молчан.

В ходе встречи стороны обсудили состояние и перспективы сотрудничества Таджикистана и Европейской экономической комиссии Организации Объединённых Наций.
Глава государства, уважаемый Эмомали Рахмон, подчеркнул, что сотрудничество с Комиссией является важной составляющей внешней политики Таджикистана.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #ДушанбеИнвест #DushanbeInvestForum2025 #UN

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот аз рафти густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, таъкид гардид, ки бо саъю талоши бештари ҷонибҳо ин раванд дар оянда низ самаранок идома хоҳад ёфт.

14 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в рамках Международного инвестиционного форума «Душанбе-Инвест-2025» принял Министра экономики и имущества Исламской Республики Иран Сайид Али Маданизода.

В ходе встречи было выражено удовлетворение процессом развития двусторонних отношений между странами и подчеркнуто, что благодаря совместным усилиям сторон этот процесс будет эффективно продолжаться и в дальнейшем.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #ДушанбеИнвест #DushanbeInvestForum2025

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ раванди рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Аз фаъолияти Фонди саудии рушд дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.
Ҷонибҳо барои рушди робитаҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ алоқамандии худро иброз доштанд.

14 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в рамках Международного инвестиционного форума «Душанбе-Инвест-2025» принял Министра инвестиций Королевства Саудовская Аравия Халида Аль-Фалиха.

В ходе встречи были обсуждены вопросы развития сотрудничества между двумя странами. Было выражено удовлетворение деятельностью Саудовского фонда развития в Таджикистане.
Стороны выразили заинтересованность в дальнейшем расширении торгово-экономического и инвестиционного сотрудничества, а также в реализации совместных проектов в сферах энергетики и сельского хозяйства.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #ДушанбеИнвест #DushanbeInvestForum2025

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.
Ба амалишавии 42 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро мегиранд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

14 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в рамках Международного инвестиционного форума «Душанбе-Инвест-2025» принял Государственного министра по вопросам внешней торговли Министерства торговли и коммерции Государства Катар Ахмада бин Мухаммада Аль-Саида.

Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон выразил удовлетворение развитием отношений сотрудничества между Таджикистаном и Катаром.
Было уделено особое внимание реализации 42-х документов о сотрудничестве, охватывающих торгово-экономическую сферу, вопросы поощрения и взаимной защиты инвестиций, авиасообщения, культуры, здравоохранения, туризма и других направлений, представляющих взаимный интерес.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #ДушанбеИнвест #DushanbeInvestForum2025

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
14 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат Президенти Федератсияи Русия аз Сарвари давлати мо барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм зимни сафари давлатиашон ба Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон ҷанбаҳои алоҳидаи мувофиқаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи минбаъдаи онҳоро мушаххас сохтанд.

14 октября состоялся телефонный разговор Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным.

В ходе беседы Президент Российской Федерации поблагодарил Главу нашего государства за теплый приём и гостеприимство в ходе его государственного визита в Таджикистане.
Стороны также обсудили отдельные аспекты, достигнутых в ходе визита договорённостей, наметили пути их дальнейшей реализации.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #СуҳбатиТелефонӣ #ТелефонныйРазговор #PhoneTalk #Русия #Россия #Russia #Путин #Putin

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар рӯзгори осуда, файзу баракати меҳргонӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии    мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад. Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад».
19 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем поздравительном послании поздравил славный народ Таджикистана по случаю наступления праздника изобилия - Мехргон, пожелав каждой семье страны мирной жизни, изобилия Мехргона, счастья и благополучия.

Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон отметил: «Мехргон для нас, таджиков, является одним один из важнейших природных и культурных праздников, который корнями уходит в тысячелетия. Мехргон, как праздник урожая, изобилия, любви и добра, прочно находится в сердцах арийского народа и считается символом, связанным со сбором урожая и завершения плодотворного труда дехкан в течение года».
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Меҳргон #Мехргон #Mehrgon

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube