Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
25.6K subscribers
13.8K photos
345 videos
2.42K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ва роҳбарӣ дар дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти иқтисоди миллии кишвар дар соли 2025 муовинони раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ, раис ва муовинони раиси Кумитаи рушди маҳал аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо кадрҳои дигари ҷавону варзида таъин карда шуданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Таъиноти нави кадрӣ

1. Солеҳзода Ашурбой - муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод;
2. Раҳмонзода Абдулло - муовини раиси вилояти Хатлон оид ба идеология;
3. Пирзода Диловар - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб;
4. Набизода Фаррухуддин Амурдин - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
5. Рауфзода Саймумин Тоҷиддин - раиси ноҳияи Ховалинг;
6. Ализод Азизулло Муҳибулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун;
7. Ҷумазода Шарифҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара;
8. Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода - раиси шаҳри Истаравшан;
9. Нӯмонзода Темурҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
10. Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен;
11. Салимзода Нусратулло Файзулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ;
12. Муминзод Камолиддин Рамазон - раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13. Давлатзода Зарина Дилмурод - муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Маъмурзода Адҳам Маъмур - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
15. Шарифзода Мануҷеҳр Муртазо - директори Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
9 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид. Аз ҷумла муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсати амнияти дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардори бюрои миллии маркази Интерпол, сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан ва дар вилояти Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments #ВКД #МВД #MIA

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ва бо виҷдони пок ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони кишвар, назорати беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муаррифии шоистаи таърих ва фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳидоят намуданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube