Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
25.6K subscribers
13.8K photos
345 videos
2.42K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
27 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози кори маҷлиси ҳукумати кишвар нахуст гузориши вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 шунида шуд.
Таъкид шуд, ки барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки барномаи мазкур бо мақсади таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ баҳри таъмини рушди устувори низоми таҳсилоти томактабӣ таҳия гардида, татбиқи он ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон равона карда шудааст.
27 февраля под руководством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Председателя Правительства страны уважаемого Эмомали Рахмона состоялось заседание Правительства Республики Таджикистан.
В начале заседания был заслушан доклад Министра образования и науки Рахима Саидзода о Программе развития дошкольного образования и воспитания в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы.
Было подчёркнуто, что программа разработана с целью продолжения ускоренного процесса строительства учреждений дошкольного образования, создания благоприятной среды для обучения и воспитания детей, расширения качественного доступа к данному уровню образования для подрастающего поколения, а также повышения профессионального уровня кадров отрасли.
Также отмечено, что данная программа направлена на укрепление правовых, экономических и организационных основ для обеспечения устойчивого развития системы дошкольного образования, а её реализация ориентирована на повышение уровня и качества обучения и воспитания детей.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ



Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.
2. Моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.
5. Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд.
6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.
7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.



Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 феврали соли 2026
№1143
2 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар робита ба шаҳодати Роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулини давлатӣ ва фармондеҳон, барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
Дар ин айёми фоҷеабор барои мардум ва кишвари бародари Эрон ғамшарикии мардуми Тоҷикистонро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди маннон барои ҳамаи он шаҳидон, ки дар ҷавори раҳмати Илоҳӣ ҷой гирифтаанд, ғуфрони абадӣ ва барои ҳамаи пайвандони азизи онҳо сабри ҷамил дар ин мусибати ҷонкоҳ масъалат дорам.

2 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Президенту Исламской Республики Иран уважаемому Масъуду Пизишкиёну в связи с гибелем Верховного руководителя Исламской Республики Иран Аятолла Саида Али Хаманаеи, ряда иранских государственных лиц и командиров.
В эти трагические дни, выразив скорбь и сочувствие народа Таджикистана братскому народу Ирана прошу у Всевышнего вечной милости всем погибшим, нашедшим божественный покой души, а их родным и близким - доброго терпения перед этим тяжелым горем.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Эрон #Иран #Iran

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат Масато Кандаро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Бонк табрик гуфта, ташрифи нахустини мавсуфро ба Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи махсуси ин ниҳоди молиявӣ ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо арзёбӣ намуданд. Дар ҷараёни суҳбат ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии кишвари мо ба шумор рафта, давоми солҳои ҳамкорӣ барои татбиқи зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар саҳм гузоштааст.



4 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Президента Азиатского Банка Развития Масато Канду.
Глава государства поздравил Масато Канду по случаю его избрания на пост Президента Банка и расценил его первый визит в Таджикистан как знак особого внимания этого финансового института к укреплению долгосрочного сотрудничества сторон. В ходе беседы была дана высокая оценка нынешнему уровню взаимодействия и вкладу Банка в реализацию целей социально-экономического развития Таджикистана. Было подчеркнуто, что Азиатский Банк Развития является одним из основных партнеров нашей страны и за годы сотрудничества внес вклад в реализацию более 200 проектов на общую сумму 2,9 миллиарда долларов.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #БОР #АБР #ABD

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон муҳтарам Тангригули Атахаллиевро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешвои миллат бо қаноатмандӣ ҷараёни рушди мусбати ҳамкории ду кишварро зикр карда, ба имкониятҳои бузург ҷиҳати пешбурди ин раванд дар бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла тиҷорат, саноат, нақлиёт ва ҳамлу нақл, инчунин соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
4 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Заместителя Председателя Кабинета Министров Туркменистана уважаемого Тангрыгулы Атахаллыева, находящегося в городе Душанбе для участия в работе очередного заседания таджикско-туркменской Межправительственной комиссии по торгово-экономическому и научно-техническому сотрудничеству.
В ходе беседы были обсуждены состояние и перспективы комплекса таджикско-туркменских отношений стратегического партнёрства и пути их дальнейшего развития. Лидер нации, с удовлетворением отметив позитивную динамику развития сотрудничества двух стран, акцентировал внимание на большие возможности для продвижения этого процесса в различных секторах экономики, включая торговлю, промышленность, транспорт и логистику, а также аграрный сектор.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Туркманистон #Туркменистан #Turkmenistan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
6 март бо фармонҳои Президент ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардида, ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид. Ҳамчунин, Прокурор ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз шумули кадрҳои кордону соҳибтаҷриба ва дорои малакаи хуби назорату роҳбарӣ таъин гардиданд. Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар Прокурор ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ иваз карда шуданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азизро ба ифтихори Рӯзи модар аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва дар ҷодаи ватансозиву давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизамон барору комёбӣ орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Зан – модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад. Зеро рушди ҷомеа бо заҳмати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимии модарон ба таълиму тарбияи наслҳои солиму созанда таъмин мегардад».



7 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своём праздничном послании сердечно поздравил дорогих матерей, женщин, сестёр и дочерей с Днём матери, пожелал каждой из них крепкого здоровья, счастья, благополучия, успехов и удач в деле созидания Родины и государства, укрепления мира и стабильности, национального единства и дальнейшего прогресса нашего любимого Таджикистана.
Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул: «Женщина-мать играет беспримерную и бесценную роль в формировании личности ребёнка, укреплении семьи, обеспечении спокойствия и стабильности общества, а также в развитии государства. Именно благодаря самоотверженному и ежедневному труду, терпению и искренней любви матерей к обучению и воспитанию здорового и созидательного поколения обеспечивается прогресс общества».


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #РӯзиМодар #ДеньМатери #MothersDay

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube