Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
25.6K subscribers
13.8K photos
345 videos
2.42K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
6 март бо фармонҳои Президент ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардида, ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид. Ҳамчунин, Прокурор ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз шумули кадрҳои кордону соҳибтаҷриба ва дорои малакаи хуби назорату роҳбарӣ таъин гардиданд. Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар Прокурор ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ иваз карда шуданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азизро ба ифтихори Рӯзи модар аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва дар ҷодаи ватансозиву давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизамон барору комёбӣ орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Зан – модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад. Зеро рушди ҷомеа бо заҳмати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимии модарон ба таълиму тарбияи наслҳои солиму созанда таъмин мегардад».



7 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своём праздничном послании сердечно поздравил дорогих матерей, женщин, сестёр и дочерей с Днём матери, пожелал каждой из них крепкого здоровья, счастья, благополучия, успехов и удач в деле созидания Родины и государства, укрепления мира и стабильности, национального единства и дальнейшего прогресса нашего любимого Таджикистана.
Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул: «Женщина-мать играет беспримерную и бесценную роль в формировании личности ребёнка, укреплении семьи, обеспечении спокойствия и стабильности общества, а также в развитии государства. Именно благодаря самоотверженному и ежедневному труду, терпению и искренней любви матерей к обучению и воспитанию здорового и созидательного поколения обеспечивается прогресс общества».


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #РӯзиМодар #ДеньМатери #MothersDay

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ ба муносибати интихоби шоистаашон ба мақоми Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла қайд намуданд: "Бовар дорам, ки таҳти раҳбарии Ҷаноби Олӣ мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд.
Мо нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории хешро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем".

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Эрон #Иран #Iran

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
10 март аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба имзо расиданд.


Таъсиси ин муассисаҳои таълимиро, ҳамчунин нишонаи пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25-уми июли соли 2025, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд, номидан мункин аст.
Маҳз ҳамин ташаббускорӣ ва пешсафиҳост, ки Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуданд. Эълон гардидани шаҳри Душанбе – пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси кишвари азизамон дар ин соҳа мебошад.



#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ҚарориҲукумат #ПостановлениеПравительства #Resolutions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмаки башардӯстона ирсол гардид.
Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3610 тонна бор, аз ҷумла аз 45 тонна доруворӣ, маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.
Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳсипор шуд ва ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд дар кишвари дӯсту бародар мегардад.


По поручению Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона направлена гуманитарная помощь дружественному и братскому народу Исламской Республики Иран.
Гуманитарная помощь Таджикистана составляет 3610 тонн груза, в том числе 45 тонн медикаментов, большой объем санитарно-гигиенических товаров, детской одежды, различных продуктов питания, предметов быта, спальных принадлежностей, палаток, строительных материалов и других необходимых средств.
Конвой таджикской гуманитарной помощи, состоящий из 110 больших грузовиков, отправился в Исламскую Республику Иран 18 марта и вскоре прибудет в дружественную и братскую страну.



با دستور رئیس جمهور تاجیکستان، پیشوای ملت، جناب آقای امامعلی رحمان، کمک‌های بشردوستانه برای مردم دوست و برادر جمهوری اسلامی ایران ارسال شد.

کمک‌های بشردوستانه تاجیکستان شامل ۳۶۱۰ تن بار، عبارت از ۴۵ تن دارو، حجم زیادی از محصولات بهداشتی و درمانی، لباس کودکان، انواع مواد غذایی، لوازم خانگی، رختخواب، چادر، مصالح ساختمانی و سایر لوازم ضروری است.
کاروان کمک‌های بشردوستانه تاجیکستان، متشکل از ۱۱۰ کامیون بزرگ، در ۱۸ مارس به سمت جمهوری اسلامی ایران حرکت کرد و به زودی به این کشور دوست و برادر خواهد رسید.




#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Эрон #Иран #Iran

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Кумаки башардӯстона ба мардуми Эрон
19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, ризқу рӯзии фаровон ва оромиву осоиш орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ин ид мисли дигар анъанаву суннатҳои милливу эътиқодии мо дарбаргирандаи арзишҳои зиёди ахлоқиву маънавӣ мебошад. Аз ҷумлаи суннатҳои неке, ки барои истиқболи он аз Паёмбари гиромиқадр ба умматонашон мерос мондааст, хайру саховат кардан ба ниёзмандон мебошад».



19 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своём праздничном послании поздравил весь славный народ Таджикистана и наших зарубежных соотечественников по случаю наступления благословенного праздника Фитр, пожелал им крепкого здоровья, процветания, обильного дастархана, мира и стабильности..
Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул: «этот праздник, как и другие наши национальные и религиозные традиции, содержит в себе множество нравственных и духовных ценностей.
Среди прекрасных обычаев, которые достались в наследство последователям от благородного Посланника, - это раздача милостыни бедным».


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Рамазон #Рамазан #Ramadan #ИдиФитр #EidAlFitr

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube