Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
25.6K subscribers
13.8K photos
345 videos
2.42K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд.
26 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Министра энергетики и водных ресурсов Королевства Бахрейн Ясира Ибрагима ибн Хумайдона.
В ходе встречи были обсуждены вопросы двусторонних отношений между Таджикистаном и Бахрейном, а также международные и региональные темы, представляющие взаимный интерес.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фаро расидани иди Қурбон табрик гуфта, барояшон тандурустиву хушбахтӣ ва дили шоду хонаи обод орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: « Иди Қурбон яке аз муҳимтарин ойинҳои дини мубини ислом мебошад ва фазилатҳои зиёде дорад. Тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, дастгирии камбизоатҳову ниёзмандон ва сарфаю сариштакорӣ аз зумраи фазилатҳои ин ид мебошанд. Яъне ин ид дар баробари он, ки маросими сирф эътиқодӣ мебошад, фурсати муносибе барои анҷом додани амалҳои хайру савоб ба ҳисоб меравад».
26 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем поздравительном послании поздравил благородный народ Таджикистана и наших соотечественников за рубежом – с наступлением праздника Иди Курбон, пожелав всем здоровья, счастья и благополучия в доме.
Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул: «Праздник Иди Курбон является одним из важнейших обрядов священной религии ислама и обладает множеством духовных достоинств. Он укрепляет взаимную дружбу и любовь между людьми, поощряет нравственные ценности, совершение добрых дел, уважение к родителям и старшим, поддержку бедных и нуждающихся, а также бережливость и разумное отношение к расходам. Иными словами, этот праздник является не только религиозным обрядом, но и важной возможностью для совершения благих и добродетельных поступков».
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ИдиҚурбон #EidAlAdha

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
26 май суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикот анҷом доданд. Пешвои миллат ба муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳо хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд.

26 мая состоялся телефонный разговор Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран, уважаемым Масудом Пизишкиёном.

В начале беседы Глава нашего государства и уважаемый Масуд Пизишкиён обменялись теплыми поздравлениями по случаю наступления благословенного праздника Иди Курбон. Лидер нации пожелал Президенту Исламской Республики Иран здоровья и успехов, а всему дружественному и братскому народу Ирана мира, спокойствия, дальнейшего прогресса и процветания.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Эрон #Иран #Iran

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
28 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии қарорҳои зимни маҷлис қабулшуда дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ба Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо дода шуд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурра ва барзиёд таъмин намудани талаботи бозори кишвар бо сементи истеҳсоли ватанӣ ба сохторҳои дахлдор як қатор супоришҳои қатъӣ доданд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, дар давоми 2-3 соли оянда, яъне то соли 2029, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 6 миллион тонна ба истифода дода мешаванд.
Бо ин иқтидор ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон як баробари дигар афзун гардида, боиси пурра ва барзиёд таъмин шудани бозори дохилӣ бо сементи хушсифат ва бо нархҳои дастрас мегардад.
Дар ин корхонаҳо наздики 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешавад.

28 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон, дал ряд строгих указаний соответствующим структурам о полном удовлетворении потребности рынка страны цементом отечественного производства.
По поручению Главы государства, втечение следующих 2-3 лет, то есть к 2029 году, в различных регионах страны будут введены в эксплуатацию 4 новых цементных завода общей мощностью 6 миллионов тонн. С такой мощностью объем производства цемента в Таджикистане увеличится на 100%, что приведет к полномуи избыточному снабжению внутреннего рынка высококачественным цементом подоступным ценам. На этих заводах будет создано около 5 тысяч новых рабочих мест.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар робита ба интихоб шудани Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун узви ғайридоимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2027–2028 барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

5 июня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил поздравительную телеграмму Президенту Кыргызской Республики уважаемому Садыру Жапарову в связи с избранием Кыргызской Республики непостоянным членом Совета Безопасности ООН на 2027-2028 годы.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қирғизистон #Кыргызстан #Kyrgyzstan


President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
“Мо ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он манфиатдорем” - иброз доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимнан, алоқамандии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо Кипр дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб иброз гардид.


5 июня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон, принял министра иностранных дел Республики Кипр, председательствующей страны в Совете Европейского Союза Константиноса Комбоса.
На встрече обсуждались нынешнее состояние и перспективы развития сотрудничества между Таджикистаном, Республикой Кипр и Европейским Союзом.
«Мы заинтересованы в долгосрочном взаимовыгодном сотрудничестве с Европейским Союзом и его государствами-членами», — сказал глава государства, уважаемый Эмомали Рахмон, в начале беседы. В этом контексте была подчеркнута заинтересованность Таджикистана в расширении двусторонних отношений с Кипром в различных областях, представляющих взаимный интерес.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Кипр #Cyprus #ВКХ #МИД #MFA

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube